11:04 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
376 0 0

 Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Бӯстон ва ҳамзамон сардори Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID - 19 дар ин шаҳр ба суоли рӯзноманигорон дар бораи шумори сироятёбӣ аз вируси корона посух гуфт

ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Раиси шаҳри Бӯстон дар нишасти хабарӣ иброз намуд, ки давмои ду моҳи гузашта дар умум 480 нафар сокинон дар бемористони шаҳр бо нишонаҳои бемории “илтиҳоби шуш” бистарӣ шудаанд.

Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, аз санаи 28-уми апрел то охири моҳи июни соли ҷорӣ, 480 нафар сокинони вилоят бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш дар бемористон шаҳр бистарӣ карда шудаанд. Аз ин шумора 54 нафар сокинони худи Бӯстон буданд” гуфт, Ҳошимзода.

Бино ба гуфти раиси шаҳри Бӯстон ташхис муайян намудааст, ки аз теъдоди умумии беморон 225 нафар ба “илтиҳоби шуш”, 211 нафар “бо илтиҳоби бронхит” ва 44 нафар ба “илтиҳоби шадиди роҳи нафас” сироят шудаанд.

Аз ин шумора 465 нафар пурра шифо ёфта, 8 нафар ҳоло таҳти муроқибати табибони оилавӣ қарор дошта ва вазъи саломатии онҳоро хуб арзёбӣ мешавад. Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар миёни 54 мавриди гирифторӣ сокинони Бӯстон ба бемории “илтиҳоби шуш”, 6 нафар ҳамшираҳои тиб будаанд, ки ҳамаи онҳо шифо ёфтаанд.

Раъно Ҳошимзода, таъкид намуд, ки дар оғози замони хуруҷи пандемияи COVID -19 дар муассисаҳои тандурустии Бӯстон 225 рахти хоб, барои қабули саривақтии беморон дуруст карда шудааст.

“Ҳоло бемористонҳо бо реҷаи маъмулии фаъолияти худ баргаштаанд ва вазъи беҳдоштӣ дар шаҳр муътадил аст”, афзуд раиси Бӯстон.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз 19-уми июл омори тозаи сироятёбӣ аз COVID-19 ро ироа кард.

Ба иттилоъи ин ниҳод шурӯъ аз 30-уми апрел то ин сана 6878 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, аз ин теъдод то имрӯз дар мамлакат 5578 нафар ё худ беш аз 81%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, 57 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Муҳаммадзода омори "илтиҳоби шуш" ва карантини сокинони Хуҷандро шарҳ дод

 

Мавзӯъҳои асосӣ