Давраи чоруми Чемпионати футболи Тоҷикистон ҷамъбаст шуд: кадом дастаҳо пирӯз шуданд?

© ФФТЧемпионат Таджикистана-2020
Чемпионат Таджикистана-2020 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал дар варзишгоҳҳои мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуданд.

ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Дастаи футболи  "Равшан"-и  шаҳри Кӯлоб, ки дар даври чорум низ ғолиб омад, дар ҷадвали мусобиқа бо 12 имтиёз пешсафи ягона гардид, гузориш медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ноги и футбольный мяч - Sputnik Тоҷикистон
“Равшан” -и Кӯлоб дар лигаи аввали футболи Тоҷикистон якум шуд

"Равшан" дар даври чорум дар меҳмонӣ бар дастаи "Шоҳмансур"-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби  калон- 8:3 ғолиб омад. Дастаи футболи "Эсхата"-и Хуҷанд, ки дар сафар аз дастаи  "Панҷше"-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд, бо 9 имтиёз мақоми дуюмро касб намудааст.

Дастаи футболи "Исфара"-и шаҳри Исфара, ки дар майдони худ бар дастаи "Ҳосилот"-и Фархор бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, бо 9 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад.

Дар бозиҳои дигари даври чорум дастаи футболи  "Моҳир"-и Ёвон дар меҳмонӣ дастаи "Ҳулбук"-и Восеъро бо ҳисоби 4:2, дастаи футболи "Ваҳдат"-и шаҳри Ваҳдат  дар майдони худ "Барқчӣ"-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:2 ва дастаи  "Равшан"-и Зафаробод дар мизбонӣ  дастаи  "Саройкамар"-и Панҷро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд.

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон 21-22 июл  баргузор мешаванд. ар бозии марказӣ  дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлоб дар майдони худ бо "Исфара" рақобат мекунад.

 Бозиҳои дигар миёни дастаҳои футболи "Барқчӣ" – "Шоҳмансур", "Эсхата" – "Равшан" (Зафаробод), "Моҳир" – "Ваҳдат" ва "Саройкамар" – "Ҳулбук" сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0