01:10 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1111 0 0

Коллегияи ҳарбии Суди Олии Тоҷикистон барои ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 9 нафарро равонаи зиндон кардааст

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон, имрӯз, 20 июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки парвандаи ҳуҷум ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар як мурофиаи махфӣ баррасӣ шуда, дар пайи он 9 нафар муҳлатҳои гуногун гирифтанд.

“Ин парвандаро Суди Олии Тоҷикистон баррасӣ карда, 20 апрели соли равон 4 низомӣ ё хизматчии ҳарбӣ, ки ҳангоми ин ҳодиса ба ҷиноят даст задаанд ва 4 зану як марди ҳамлавар гунаҳкор ҳисобида шуда, ба онҳо аз 2 то 27 сол ҳукми зиндон эълон шудааст”, - гуфт Шермуҳаммади Шоҳиён.

Қаблан Икром Зоирзода, сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии Прокуратураи генералӣ эълон карда буд, ки нисбати 7 иштирокдори ҳамлаи террористӣ ба гузаргоҳи марзии "Ишқобод" ҳукми зиндон таъйид гардидааст.

Тибқи иттилои расмӣ, ки дар рӯзи ҳодиса расонаӣ шуд, шаби 6 ноябри соли гузашта як гурӯҳи ниқобпӯши 20 - нафара ба дидбонгоҳи "Ишқобод", мустақар дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамла карда, бо нерӯҳои марзбонии тоҷик даргир шуданд. Он замон расман эълон шуд, ки дар ин даргирӣ ду тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва 15 муҳоҷим кушта шудаанд.

Ҳамлаи Ишқобод: парванда ниҳоӣ, ҳукмҳо содир шудаанд – бидуни тафсилот

Манобеъи ғайрирасмӣ шумораи талафоти нерӯҳои ҳукуматиро 6 нафар ҳисоб карданд. Баъдтар мақомот аз боздошти 5 муҳоҷим хабар доданд, ки мустақим дар ҳамлаи террористӣ ширкат доштанд. Охирин тафсилоти расмии ин ҳамларо Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси миллии кишвар ба миён гузошт.

29 март нашрияи расмии “Садои мардум” гузориши Прокурори генералии Тоҷикистонро ба нашр расонд, ки бино ба он, дар ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами 4 – и “Ишқобод” 26 нафар кушта ва 22 нафар ҳам бо иттиҳоми даст доштан дар он ҳабс шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ