11:27 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
721 0 0

Ҳукумати Ӯзбекистон ният дорад барои таъмин намудани заминҳои се вилояташ аз Тоҷикистон об харидорӣ намояд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Оби Тоҷикистон барои обёрии заминҳои Ӯзбекистон истифода мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати оби ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ, созишнома оид ба истифодаи об аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон ваӮзбекистон ба имзо расидааст.

Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, заминҳо дар се вилояти Ӯзбекистон - вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах ва ҳамчунин дар Бекободи Тошканд обёрӣ карда мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати оби Ӯзбекистон, Тоҷикистон барои обёрии заминҳо воситаҳои техникӣ фиристодааст. Аз ҷумла, насоси A50ГO бо иқтидори 500 литр, ки дар обанбори Қайроқум насб мешавад ва тавони баланд намудани об то 10 метрро дорад. Ҳамчунин 20 насоси дигар низ насб шудааст.

Зикр мегардад,  барқарорсозӣ ва таъмири пойгоҳҳои обкашӣ аз ҳисоби Ӯзбекистон сурат мегирад. Барои иҷрои корҳо, ҳукумати Ӯзбекистон аллакай 147 ҳазор доллар ихтисос додааст.

Барчаспҳо:
об, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ