05:10 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
84601

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, маълум нест, ки ин ду нафар соати 02:11 дақиқа дар зери ин девор чӣ кор мекарданд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар наздикии корхонаи тавлиди нӯшобаи "Кока - кола", девори бетонӣ чаппа шудааст.

Бар хабари котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳодисаи мазкур нимашаб, соати 02:11 дақиқа рух додааст ва аз ин ҳодиса зуд қисмати навбатдории кумитаи мазкурро огоҳ намуданд.

Балони газро даргиронд: 55 дарсади бадани духтари 14 - сола дар Ҳисор сӯхт

Гуфта мешавад, то омадани наҷотбахшон, яке аз ду нафари зери девор монда, худро раҳо намуда буд.

"Дастаи наҷот бо истифода аз таҷҳизоти махсус аз зери девори бетонии семетраи чаппашуда сокини 29-солаи пойтахтро раҳо карданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, дар чанд ҷо устухонҳои ҷавони 29 - сола осеб дида, ӯро фавран ба бемористон интиқол доданд.

Пизишкон вазъи саломатии ҷабридидаро хуб арзёбӣ намуда мегӯянд, ба ҳаёташ чизе таҳдид намекунад.

Барчаспҳо:
чаппа шудани девор, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ