04:08 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
315 0 0

Раёсати тандурустии вилояти Суғд омори шифоёбӣ ва фавт аз мубталошавии сокинон ба бемории коронавируси навъи COVID-19 ро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии Суғд дар нишасти матбуотӣ мавридҳои гирифторӣ, табобат ва фавт аз пандемияи COVID -19 давоми ду моҳи гузашта дар Суғдро шарҳ дод.

"Аз санаи 30-уми апрел то 1 -уми июл дар вилояти Суғд 1938 нафар сироятёфтаи бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод 1891 нафар шифо ёфта, 16 нафар фавтидаанд. Айни замон 31 нафар дар муолиҷа қарор доранд", - гуфт Мақсудзода.

Сардори Раёсати тандурустии Суғд афзуд, дар замони шуюъи бемории коронавирус дар ҳудуди вилоят панҷ дармонгоҳ барои муолиҷа боз карда шуд.

Таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд, бемористони клиникавии Суғд воқеъ дар Хуҷанд, беморхонаи сироятии Хуҷанд, бемористони ноҳиявии Бобоҷон Ғафуров воқеъ дар ҷамоати Ҳайдар Усмонов ва бемористони шаҳри Бӯстон аз шумори дармонгоҳҳое будаанд, ки беморони COVID-19 дар онҳо ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Тоҷикистон ба сабаби коронавирус натавонист 363 миллион сомонӣ қарзу грант гирад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30-уми апрел бори аввал аз дарёфти 15 мавриди бемории каронавируси навъи COVID-19 дар кишвар хабар дод, ки 10 ҳолати он дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст.

Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии Суғд дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, 10 ҳолати ибтидои беморӣ дар асоси посухи тестҳо маълум шудааст, ки барои ташхис онҳо ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

"Он замон ташхиси вазъи беҳдоштии сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов анҷом дода мешуд", - гуфт сардори Раёсат.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то санаи 20 июл дар мамлакат шумораи гирифторони бемории навъи COVID-19 ба 6921 нафар баробар гардида, аз ин беморӣ 5629 нафар ё 81,3% шифо ёфта, бар асари он то ин вақт 57 нафар фавтидаанд.

Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ