Ҷашнҳои рӯзи 22 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 22 июля
День 22 июля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 22 июл ҷаҳон аз Рӯзи мағзи сар ва ҳамчунин аз Рӯзи байналмилалии бокс таҷлил мекунад. Озарбойҷон бошад аз Рӯзи матбуоти миллӣ ҷашн мегирад

Рӯзи 22 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1927 дар Италия клуби футболи "Рома" таъсис ёфтааст.

Соли 1946 дар Британия додани нон ба таври реҷа роҳандозӣ гардид.

День 21 июля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 21 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1952 Ҷумҳурии Халқии Полша Конститутсияи худро қабул намудааст.

Соли 1894 аввалин маротиба дар шаҳри Порис – пойтахти Фаронса миёни мошинҳо сабқат баргузор гардид.

Соли 1998 дастаи ИМА рекорди нави ҷаҳонӣ гузоштааст: варзишгарони амрикоӣ масофаи  400 метрро дар давоми  2 дақиқаю 54,2 сония паси сар намуданд.

Рӯзи 22 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1989 Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ Қонун "Дар бораи забон"- ро қабул намуда буд.

Соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд.

 

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА
Ҷашнҳои рӯзи 22 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА
Соли 2008 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони маҷаллаи байналмилалии "VIP-Premier" суҳбат ороста буданд, ки дар он таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили рушди имрӯзаю ояндаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Федератсияи Русия ва дигар масъалаҳо зоҳир карда шуд.

 

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Индонезия ва роҳҳои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм ва саёҳат баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 13 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб  дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷалби сармоя, саноат, кишоварзӣ ва озуқаворӣ баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 22 июл

  • Дар Озарбойҷон- Рӯзи матбуоти миллӣ.
  • Рӯзии ҷаҳонии мағзги сар.
  • Рӯзи байналмилалии бокс.
  • Дар Свазиленд- Рӯзи ҷомеа.

Рӯзи 21 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1935 – рассом Рашид Абдурашидов.

Солҳои (1938-2010) – компазитор, дорандаи ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Фаттоҳ Одинаев.

Соли 1939 – нависандаи халқии Тоҷикистон Темур Пулодов.

Лентаи хабарҳо
0