Коронавирус ба музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон таъсир расонд

© Sputnik / Виктор ТолочкоПограничная вышка, архивное фото
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон эълом кард, ки вируси корона музокироти марзии ин кишвар ва Қирғизистонро ба таъхир андохтааст

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ориф Хоҷазода, раиси кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ахиран дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки то шуйюи вируси корона дар охирҳои марти гузашта, ду кишвар панҷ давр музокироти марзӣ баргузор карданд ва нақшаи муовизаи бархе аз минтақаҳои мавриди ихтилоф ба ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ироа шуд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафир ва намояндаи фавқулъодаи Афғонистон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Марз амн нест: дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон чӣ мегузарад?

Ориф Хоҷазода гуфт, тайи чаҳор моҳи ахир амалан раванди музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ниҳоӣ кардани созишномаи нишонагузории марзи муштарак ба далели густариши вируси корона мутаваққиф шудааст.

Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳали ихтилофоти марзӣ, 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст.

Ташдиди ихтилофот дар минтақаҳои марзии муштараки ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд муҷиб шудааст, ки ахиран тарафҳо дар бораи муовизаи замин ва вогузории мутақобили чанд русто ба тавофуқ бирасанд.

Лентаи хабарҳо
0