11:52 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
228 0 0

Як комиссияи муштарак тайи ним соли гузашта 4 ҳазор нафақахӯри маъюбро дар суроғаашон пайдо накардааст

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, санҷиши муштараки ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ ва вазорати тандурустӣ ин маворидро танҳо дар шаҳру навоҳии Турсунзода, Кӯлоб, Фархор ва Хуҷанд ошкор кардааст.

“Ҳадафи мо итминон пайдо кардан ба ин аст, ки нафақахӯри маъюб воқеан вуҷуд дорад ва нафақаро дуруст дарёфт мекунад. Ин як раванди хеле мушкил аст. Дар деҳот мардум якдигарро мешиносанд ва маълум кардани шахсияти нафақахӯр осонтар аст. Аммо дар шаҳрҳо ин кор мушкилӣ дорад”, - гуфт Дилмурод Давлатзода.

Дар Тоҷикистон аз соли 2014 ба ин сӯ як комиссияи муштараки Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати мустанад кардан ё инвентаризатсияи асноди нафақа роҳандозӣ шудааст.

Ин комиссия ба он хотир рӯи кор омад, ки дар солҳои 1990 – 2000 теъдоди бузурге аз мардум, ҳатто нафарони сиҳатманд, асноди ҷаълии маъюбиро ба даст оварда, аз буҷаи давлат маблағ дарёфт мекарданд.

Тибқи иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, то 1 июли соли равон дар Тоҷикистон 150 ҳазору 919 нафақахӯри маъюб сабт шудаанд ва аз соли 2014 ба ин сӯ 93 ҳазору 521 нафари онҳо мавриди ташхис қарор гирифта, гуруҳи маъюбии 19 773 нафараш тасдиқ нашудааст.

Барчаспҳо:
қалбакӣ, нафақахурон, маъюб, муштарак, комиссия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ