00:08 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
194 0 0

Раёсати тандурустии вилояти Суғд гуфт, табибоне, ки барои пирӯзӣ бар бемории каронавирус муборизаи беамон бурдаанд, аз ҷониби Президенти кишвар қадршиносӣ мешаванд

ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, Рӯзи табибони тоҷик, ки ҳамасола дар рӯзи 18-уми август таҷлил мешавад, имсол бо иштироки Президент доир хоҳад шуд.

Бино ба гуфти Мақсудзода дар ин сана қадршиносии табибоне, ки дар ҷабҳаи аввали мубориза бо бемори COVID-19 қарор доштанд дар назар мебошад.

“Дар рӯзи 18-уми август, ки Рӯзи табибони тоҷик таҷлил мешавад, мулоқот бо Пешмои миллат дар назар аст. Ба ин мулоқот аз ҷумла 100 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, ки дар сафи пеш ба беморони коронавирус хизмат мерасониданд, даъват шудаанд ва ҳамаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ мешаванд”, - гуфт Мақсудзода.

Сардори Раёсати тандурустии Суғд таъкид намуд, ки ба ҳисоби ин сад нафар, дигар кормандони соҳа аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.

Бар пояи иттилои Мақсудзода шумори кормандони соҳаи тандурустӣ дар Суғд ҳудуди 37 ҳазор нафар рақам зада мешавад. Ҳар яке аз ин шумор дар замони шуюъи COVID -19 бо истифодаи донишу маҳорати касбии худ, барои пешгирӣ ва табобати саривақтии беморон талош кардаанд.

“Духтурон тибқи реҷаи 24 соата кор мекарданд ва ҷони худро барои саломатии миллат ва мардум дареғ намедоштанд. Мутаассифона дар баробари кормандони дигар соҳаҳо, фавти 3 кормандони соҳаи тандурустӣ дар вилоят ба қайд гирифта шудааст ва хотираи онҳо ҳамеша дар ёди мо боқист”, - зикр намуд Мақсудзода.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки дар 85 беморхонаи кишвар зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб барои табобати бемории коронавирус сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи омори COVID-19 иттилоъ дода аз коҳиши сироятёбии ин беморӣ таъкид мекунад.

Бино бар иттилоъи ин вазорат шабонарӯзи санаи 21 уми июл дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ду ҳафтаи гузашта кам мебошад.

Вазорати тандурустӣ мегуяд, то 21 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6967 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5683 нафар ё худ 81,5%-и гирифторон шифо ёфта то ин сана 57 нафар фавтидаанд.

Барчаспҳо:
мубориза, вирус, қадрдонӣ, президент, Суғд, пизишкон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ