11:11 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1122 0 0

Бонки милии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки беқурбшавии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ ба хотири таъсири равандҳои иқтисодию молиявии ҷаҳону минтақа, сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи якуми соли равон қурби сомонӣ нисбат ба доллар тағйирёбии муътадил дошта, қурби расмии он 6,4 дарсад коҳиш ёфтааст., ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Ба иттилои манбаъ  қурби нақдӣ (қурби фурӯши доллари нақди дар бозори ғайрибонкӣ) дар ҳамин давра 8,7 дарсад баланд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 банди фоизӣ зиёд будааст.

Гуфта шудааст, ки фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллар дар санаи 30 июни соли 2020 ба 3,2 дарсад баробар шудааст.

Ҳамзамон масъулини Бонки милли таъкид доштанд, ки тағйирёбии зерин таҳти таъсири равандҳои иқтисодию молиявии ҷаҳону минтақа, бахусус давлатҳои шарикони асосии тиҷоратӣ сурат гирифтааст.

“Бо назардошти вазъи номуътадилии иқтисоди ҷаҳонӣ, дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон низ, раванди коҳишёбӣ доштанд”, - зикр намудааст масъулини Бонки миллӣ.

Барчаспҳо:
болоравӣ, беқурбшавӣ, доллар, сомонӣ, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ