Қубур ва профилҳои тоҷик: ифтитоҳи корхонаи нав дар Ҳисор

Обуна шудан
Президент Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik.  Тавре котиботи раисҷумҳур менависад, корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фозил Бадиев бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардидааст, ки аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ яке аз калонтарин корхона дар шаҳри Ҳисор ба ҳисоб меравад.

Аз 2 гектар масоҳати умумии замини корхонаи навтаъсис дар 8 ҳазору 248 метри мураббаи он 4 хати муосири технологӣ — истеҳсоли шифери асбестӣ, профилҳои оҳанӣ, қубурҳои асбестӣ ва истеҳсолу коркарди нахи шиша сохта шудаанд, ки раванди истеҳсолот аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ идора карда мешавад.

Визит Эмомали Рахмона в Кубодиёнском районе хатлонской области  - Sputnik Тоҷикистон
Сафари ҷолиб: меҳмонии президент дар деҳаи Фалакон, сӯҳбат бо занони нонпаз ва ҳадяи китоб

Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхона мебошад, ки ба истеҳсоли шифер, қубурҳои асбестӣ ва профилҳои оҳанӣ машғул мебошад.

Дар ин ҷо нахуст ба  Эмомалӣ Раҳмон хати истеҳсоли шифери асбестӣ муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар омода кардани шифер ва қубурҳои асбестӣ 90 фоиз сементи истеҳсоли ватанӣ истифода мегардад, ки ин усули фаъолият ба рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат заминаи мусоид мегузорад.

Корхона дар як рӯз имкон дорад, ки 2 ҳазор адад шифер ва 300 адад қубури асбестиро бо андозаҳои гуногун ва мувофиқ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ истеҳсолу ба мизоҷон пешниҳод намояд. 

Дар корхонаи мазкур маҳсулоти асбестӣ, ки ҳамчун маводи асосӣ дар омода кардани шифер ва қубурҳо истифода карда мешавад, ба миқдори зарурӣ захира гардидааст.

Врачи госпиталя для зараженных коронавирусной инфекцией COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд эълон кард, кадом пизишкон аз ҷониби Президент қадрдонӣ мешаванд

Дар ин ва дигар хати муосири технологӣ қариб 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки музди маоши моҳонаи ҳар яки онҳо аз 2 то 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Нахи шишагин, ки аслан барои устувории ду намуди маҳсулот — шифер ва қубури асбестӣ маводи лозима ба шумор меравад, дар худи корхона коркард ва истеҳсол карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо хати дигари муосири технологӣ — истеҳсолӣ қубурҳои оҳанӣ ва профилҳои сохтмонӣ шинос шуд. Қубурҳо ва профилҳои оҳанӣ дар ин ҷо бо андозаҳои гуногун, доирашакл, чоркунҷа ва мувофиқ ба завқи харидор омода ва пешниҳод карда мешаванд.

Ашёи хом, аз ҷумла тунука барои истеҳсоли профилҳои оҳанӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.

Айни ҳол дар корхона барои истеҳсоли ин намуди масолеҳи сохтмонӣ ба миқдори 900 тонна ашёи хом захира карда шудааст.

Президент ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе ду иншооти навро дар пойтахт ифтитоҳ кард

Иқтидори истеҳсолӣ дар ин хати муосири технологӣ дар як рӯз 60 тонна ва дар як сол беш аз 7 ҳазор тонна қубурҳои оҳанини қутрашон гуногун мебошад. Ба гуфти муассиси корхона дар натиҷаи бештар шудани талаботи бозор ба шифер, қубурҳои асбестӣ ва оҳанӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.

Лентаи хабарҳо
0