04:41 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
269 0 0

Мақомоти Озарбойҷон иттилоъ додааст, ки дар шаҳри Боку 26 ҳазор қутии обҳои минералии истеҳсоли ширкатҳои Тоҷикистон "Сиёма", "Оби Зулол" ва "Ҳавотоғ" мусодира шуданд

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik.  Кормандони Ожонси амнияти ғизоии Озарбойҷон иттилоъ доданд, ки 26 ҳазор қутӣ оби минералии бастабандишуда дар Тоҷикистонро ба иллати гузаштани таърихи истеъмолашон мусодира карданд, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Президент Таджикистана на открытии нового завода Сиёма в Душанбе
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Инчунин, манбаъ ба нақл аз сомонаи Ожонси амнияти ғизоии Озарбойҷон, таъкид доштааст, ки ин миқдор оби минералии воридотӣ аз Тоҷикистон дар анбори як фурӯшгоҳи маводи ғизоӣ дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Боку нигаҳдорӣ мешуд.

Гуфта шудааст, ки қутиҳои об бидуни риояти дамои муносиб ва бо вуҷуди таърихи масрафи гузаштаашон нигаҳдорӣ мешуданд.

Манбаъ қайд кардааст, ки баъд аз кашф ва обҳои истеҳсоли Тоҷикистон мусодира гардиданд.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки обҳои минералии мусодирашуда дар Озарбойҷон аз брандҳои "Сиёма", "Оби Зулол" ва "Ҳавотоғ" будаанд, ки ширкатҳои машҳури тавлид ва бастабандии оби миниралӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меоянд.

Барчаспҳо:
истеҳсол, мусодира, Боку, "Зулола", об, Озарбойҷон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ