Дар Душанбе боз панҷсад биноро ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мекунанд

CC0 / Pixabay / Кот на радиаторе
Кот на радиаторе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 500 биною иншоот ба шабакаҳои гармидиҳии мутамарказ пайваст мешаванд

ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Дар ин бора муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифхон Сафарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.  

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода бо омодагиҳои дегхонаҳои пойтахт барои фасли зимистон ошно шуд

"Ҳоло дар ин самт корҳо бо маром ҷараён доранд. Сохторҳои хизматрасон муваззаф гардидаанд, ки дар доираи иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати ҳарчи бештар пайваст кардани бинову иншоот ба шабакаҳои гармидиҳӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд",- афзуд Шарифхон Сафарзода.

Ҳамчунин шаҳрдории Душанбе гуфт, ки бо мақсади мутобиқ намудани кӯчаю хиёбонҳо ба нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз ҷониби мутахассисони соҳа дар шаш моҳи соли равон аз ҳудуди ноҳия 174 хонаи истиқоматӣ бартараф карда шуд.

Илова бар ин аз ҷониби соҳибкорон дар ҳудуди ноҳия бунёди зиёда аз 60 хонаи истиқоматии баландошёнаи муосир ба тарзи замонавӣ идома дорад.

Бино ба маълумоти роҳбарияти ноҳия, ба истиқболи ҷашни миллӣ тибқи нақша дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маҷмӯъ 695 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, то ҷашни миллӣ дар ҳудуди ноҳия сохтмони 58 бинои истиқоматӣ, 11 корхонаи саноатии хурду бузург, 28 маркази савдо, 7 муассисаи томактабӣ, 6 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 10 майдончаи варзишӣ, 1 толори варзишӣ ва 1 маркази савдо дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0