11:37 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
572 0 0

Масъулони шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар вилояти Суғд омори сироят, фавт ва шифоёбии имомхатибон аз бемории ҳамагири COVID-19 ро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Бино ба гуфтаи масъулин давоми ду моҳи сипаришуда, бемории COVID-19 ба ҳафт нафар имомхатиб ва кормандони бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар шаҳру навоҳии Суғд, сироят кардааст.

Мирзоҳафизиён Меҳрафкан, мутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Суғд, дар нишасти матбуотӣ гуфт, аз ҳафт ҳолати сироятёбӣ ба ин беморӣ, шаш нафар шифо ёфта, як нафар фавтидааст.

"Дар ноҳияи Ашт 3 нафар, ноҳияи Айнӣ 3 нафар ва дар ноҳияи Спитамен 1 нафар аз ҳисоби ходимони дин ва кормандони бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба бемории каронавирус мубтало шудаанд. Аз ин шумор як нафар дар ноҳияи Ашт даргузаштаанд. Ин маълумот дар баромади раиси Кумитаи дин ҳам зикр шуда буд", - гуфт Меҳрафкан.

Бино ба иттилоъи ӯ, нафари фавтида аз бемории COVID -19, Юлдошев Ҳусниддин, имоми масҷиди панҷвақтаи ноҳияи Ашт будааст. Раёсати тандурустии вилояти Суғд ахиран омори сироят, табобат ва фавти сокинон аз бемории “вируси карона” ро шарҳ дод.

Бино ба гуфти Фаррух Мақсудзода, сардори ин ниҳод, аз санаи 30-уми апрел то 1 -уми июл дар Суғд 1938 нафар сироятёфта ба бемории COVID-19 сабт шуда, аз ин теъдод 1891 нафар шифо ёфта, 16 нафар фавтидаанд. Ҳоло 31 нафар дар муолиҷа қарор доранд.

Бидуни фавт ва коҳиши сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: омори нав

Тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз COVID-19 масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъи Тоҷикистон ҳудуди як моҳ қабл аз сабти бемории каронавирус дар рӯзи 4 март баста шуда, дар рӯзи 20 март боз шуданд.

Аммо ҳанӯз як моҳ нашуда, Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки аз 18 апрел дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд ва ба дунболи онҳо баргузории намози таровеҳ ва ҳатто намозу идгардаки моҳи Рамазон низ манъ гардид.

Зимнан санаи 31-уми июл, баргузории Иди Қурбон дар Тоҷикистон эълон карда шудааст, аммо дар Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфтаанд, ки намози Иди Қурбон дастаҷамъона доир намешавад ва шаҳрвандон метавонанд дар вақти намоз бо зикри тасбеҳ дар хонаҳояшон машғул шаванд.

"Азбаски мо дар ҳолати фавқулода ва маъмуливу ғайриоддӣ қарор дорем, масоҷид баста аст, то бартараф шудани ин хатар. Дар ин ҳолат шариати исломӣ пешбинӣ кардааст, ки намозгузорон дар хонаҳои худ дар вақти намози ид ба зикру тасбеҳ мағул шаванд",- гуфтааст, раиси Шӯрои маркази исломии Тоҷикистон.
Барчаспҳо:
қурбон, маризӣ, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ