05:11 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
52001

Дар бозори "Панҷшанбе" таркиш рух додааст ва гуфта мешавад чандин нафар ҷароҳатдор ҳам шуданд. Феълан захмиёнро ба бемористон интиқол додаанд

ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Балони оксиген дар бозори "Панҷшанбе" таркидаст. Ин ҳодиса зӯҳри имрӯз рух додааст. Як шоҳид аз ҷойи ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки таркиши балони оксиген чанд нафарро ҷароҳатдор кард.

Гуфта мешавад, феълан нафарони захмбардоштаро ба бемористон интиқол доданд.

Таркиш дар корхонаи "Давр - 2015": ҷавони 24 - сола ҳалок ва се тан захм бардоштанд

Ба нақли шоҳиди ин ҳодиса, балони оксигене, ки барои фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан истифода мешуд, таркидааст.

Барчаспҳо:
Суғд, бозор, таркиш

Мавзӯъҳои асосӣ