01:01 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
169202

Бар асари таркиши балони оксиген (кислород) дар бозори "Панҷшанбе" чандин нафар ҷароҳат бардоштаанд. Феълан захмиён дар бемористон қарор доранд

ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Манобеъ аз бозори "Панҷшанбе" ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки балони оксигендор, ки ба дастгоҳи нигоҳдорандаи оби ташнашикан васл шуда буд, кафида пора шудааст.

"Бар асари таркиши балони оксиген, чор нафар аз сокинон, ки дар атрофи бозор қарор доштанд ба ҳисоби худи фурӯшанда, аз ноҳияи пой ва дигар аъзои бадан ҷароҳат бардоштаанд", - гуфт яке аз фурӯшандаҳо.

Бино ба гуфти манбаъ ин ҳодисаи нохуш, зуҳри имрӯз дар тавқифгоҳи микроавтобусҳои мусофирбар воқеъ дар канори бозори “Панҷшанбе” рух додааст. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, садои таркиши балони оксиген ба дараҷае баланд будааст, ки аз шунидани он бисёриҳо дар изтироб мондаанд.

"Якбора садои баландро шунида мо ҳама ба изтироб афтидем. Фикр кардем, ки ягон балони резинии мошини калон кафидааст, вале дар асл балони оксиген таркида, ба чор тараф пора шудааст", -зикр намуд Шокирҷон аз соҳибкорони бозори "Панҷшанбе".

Баъзеҳо таркиши балони оксигендорро ба сабаби аз меъёр пур кардани оксиген медонанд, бархеи дигар мегӯянд, гармои тоқатфарсо сабаби рух додани таркиш шудааст.

Зимнан мақомоти тафтишотӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, иллати рухдоди ин ҳодисаи нохушро таҳқиқ мекунанд.

Барчаспҳо:
таркиш, Панҷшанбебозор

Мавзӯъҳои асосӣ