01:30 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
339 0 0

Агентии хоҷагии ҷангал ва Академияи миллии илмҳо Тоҷикистон лоиҳаи квотаи шикори ҳайвонотеро, ки дар “Китоби сурх” дохиланд, ба ҳукумат пешниҳод кардаанд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Азизулло Исматзода, директори Агентии хоҷагии ҷангал зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ниҳодаш дар ҳамдастӣ бо Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳо лоиҳаи теъдоди ҳайвонотеро, ки барои шикор иҷоза дода мешаванд, мушаххас карда, барои тасдиқ ба ҳукумати кишвар фиристодааст.

“Имсол мо барои шикори 105 сар гӯсфанди помирӣ (архар), 13 сар бузи пармашох ё морхӯр, 12 сар гӯсфанди бухороӣ (уриал) ва 10 сар хирс иҷоза додем. Маҷлиси раёсат гузашт. Агар ин лоиҳа аз сӯи ҳукумат дастгирӣ ва тасдиқ шавад, ҳамин миқдоре, ки гуфтам, ҷудо мешавад”, - гуфт Азизулло Исматзода.

“Шикори тиллоӣ”

Шикори ҳайвоноти “Китоби сурх” тибқи қонунгузории Тоҷикистон мамнуъ аст, аммо онҳо яке аз манобеъи даромади буҷет ба ҳисоб меравад.

Ин хулосаро, ки кадом ҳайвон ба чӣ миқдор бояд шикор шавад, Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон медиҳад. Директори Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон мегӯяд, аслан ҳайвонҳое, ки аз фаъолияти биологӣ боз монда, калонсолу бемор ё аз ҷинси нарина ҳастанд, барои шикор иҷоза дода мешаванд.

“Ё нахуст маълум мекунанд, ки теъдоди ин ё он намуд оё барои шикор кардан мувофиқ аст ё не. Масалан, мебинанд, ки теъдоди бузи пармашох чӣ қадар аст. Чун диданд, ки теъдодаш зиёд аст ва шикори онҳо барои афзойиши насл зарар намерасонад ва онҳоро ба нобудӣ намеорад, ҳиссаи ҳайвоноти шикоршавандаро муайян намуда, иҷоза медиҳанд. Инро мутахассисон муайян мекунанд”, - гуфт Азизулло Исматзода.

Ба қавли ӯ, ҳамасола як гуруҳи кории иборат аз мутахассисони Агентии хоҷагии ҷангал, Академияи миллии илмҳо ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ташкил шуда, дар хоҷагиҳои шикории кишвар саршумории ҳайвонотро таҳқиқ мекунад.

“Аз ҷумла соли равон дар ҳудуди хоҷагиҳои шикории қаторкуҳҳои Ҳазрати Шоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар майдони 104 ҳазор гектар таҳқиқ гузаронда, маълум карданд, ки фақат дар ҳамин хоҷагӣ теъдоди бузи пармашох ба 3927 (2019 - 2929) сар расидааст. Ё саршумории гӯсфанди куҳии бухороӣ дар тамоми хоҷагиҳои агентӣ ба 1812 (2019 - 804) сар дакка мехӯрад”, - гуфт Азизулло Исматзода.

Тибқи иттилои расмӣ, иҷозаи шикори гӯсфанди кӯҳии помирӣ, ҳамчунин маъруф ба Марко Поло, 55 ҳазор сомонӣ буда, арзиши ниҳоии он тибқи тағйироти охирин мушаххас мешавад.

Шикори бузи пармашох ё морхӯр – 316 ҳазору 800 (2019 - 300 ҳазор), гӯсфанди кӯҳии бухороӣ - 26 ҳазору 400 сомонӣ (25 ҳазор) ва хирси маллаи тиёншонӣ – 10 ҳазору 135 (9 ҳазору 597) нархгузорӣ шудааст. Пардохти чунин маболиғ барои “шикори тиллоӣ”, бино ба иттилои мақомот, умдатан дар зӯру тавони сайёҳону сайёдони хориҷӣ аст, ки ҳамасола ба Тоҷикистон меоянд. Аммо Азизулло Исматзода пешбинӣ мекунад, ки пеш омадани вазъи ногувори эпидемиологӣ дар пайи густариши “вируси корона” дар ҷаҳон вуруди сайёҳонро ба Тоҷикистон номумкин кардааст ва квота дар ҳоли ҷудо шудан ҳам аз худ намешавад.

“Аввал ин ки парвози байнулмилалӣ нест, аз сӯи дигар, кӣ дар чунин вазъи сиҳӣ ҷони худро ба хатар андохта, барои шикор меояд? Ҷониби мо ҳам онҳоро қабул карда наметавонад. Дар чунин ҳол ин ҳисса ба соли дигар гузошта мешавад. Ин манбаъи даромади мост, аммо ҳифзи сиҳатии одам аз он болост”, - гуфт директори Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон.

“Арзоншикор”

Аз маълумотҳои Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон бармеояд, ки дар дохили кишвар ҳам як вазъи хос ҳукмрон аст. Абдуғаффор Ҷалилов, сардори шуъбаи шикори Агентӣ мегӯяд, сайёдони дохилӣ асосан барои шикори кабк, мурғобӣ, хуки ваҳшӣ, харгӯш, дар умум ҳайвоноте иҷоза мегиранд, ки нодир нестанд.

“Аз сӯи дигар, шикори ин намуди ҳайвонот он қадар арзиши баланд надорад. Қиматҳо ҳам тавре муайян шудаанд, ки дар зӯру тавони сайёдон бошад”, - гуфт Абдуғаффор Ҷалилов.

Тибқи нархҳое, ки расман таъйин ва таъйид шудаанд, барои шикори як сар хуки ваҳшӣ 105, 6, харгӯш – 8, 11, кафтар - 3,6, мурғобӣ – 3,06, ғоз – 14, 21 ва суғур – 84,48 сомонӣ муайян шудааст. Бо ин вуҷуд, маълумоти расмӣ бармало месозанд, ки бозори шикори арзон низ дар кишвар он қадар гарм нест.

 Тайи ним соли равон аз 600 сар хуки ваҳшӣ 71 сар, аз 1200 харгӯш – 47, аз 3500 кафтар – 508, аз 3500 мурғобӣ – 699, аз 340 суғур – 3 адад барои шикор харидорӣ шудаанд.

Зоҳиран, ғоз миёни шикорчиён маҳбубияти бештар дорад, ки аз 120 адади иҷозашуда барои шикори 74 ададаш иҷоза гирифтаанд.

Тибқи иттилои Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, тайи шаш моҳи соли равон барои шикор 203 роҳхат ба маблағи 12 ҳазору 877,17 сомонӣ фурӯхта, 47 нафар ҳам барои шикори ғайриқонунӣ ба маблағи ҳудуди 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Барчаспҳо:
ҷангал, сайд, пешниҳод, Ҳукумат, "Китоби сурх"-и Тоҷикистон, ҳайвонот, шикор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ