00:15 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (703)
61701

Муовини раиси шаҳри Душанбе бори дигар аз сокинони пойтахт хост дар даврони пандемия Ковид-19 эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои беҳдоштие, ки ҷорӣ шудаанд, рияо намоянд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Маҳмадсаид Зубайдзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ аз тамоми сокинони пойтахт бори дигар хоҳиш кард, ки қоидаҳои беҳдоштие, ки дар даврони паҳншавии вируси корона ҷори шуданд, риоя намоянд ва бидуни ниқобҳои тиббӣ ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр набароянд.

“Аз Раёсати шаҳр то мутахассисон тамоми вазифаҳои худро дар ин давра як тараф монда дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба мардум ниқоб тақсим мекунему аз онҳо хоҳиш мекунем қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд. Нафареро бинем, ки агар ниқоби тиббӣ надошта бошад ҳатман хоҳ дар мошин бошем ё пиёда манъ карда аз ӯ хоҳиш мекунем, ки ниқобашро пӯшад. Ҳами мо дар кисаҳоямон ниқоб мегардонем ва ба нафароне, ки надоранд медиҳему бори дигар барои пӯшидани ниқоб огаҳаш мекунем. Мо ҳам рости гап, аз ҳамин пандемия қимоб шудагием ”, - таъкид дошт Зубайдзода.

Муовини раиси шаҳр таъкид дошт, ки сокинон набояд ин пандемияро шухӣ фаҳманд.

“Ман инро бо чашмони худ дидам. Шухӣ кардан лозим нест. Чанде пеш мо майдони теннисро супурдем ва дар ҳамонҷо бачаҳое кор мекарданд, ки агар “мушт мезаданд девол чаппа мешуд” аммо рӯзе омадем яке аз онҳо набуд сари кор, суол кардем, ки ӯ куҷост. Ба мо гуфтанд ӯро бо таби баланд ба беморхона бурданд. Дирӯз ҳолаш хуб буд аммо дар як шабонарӯз вазъаш тағйир ёфт, Шухӣ кардан лозим нест”, - гуфт вай.

Ҳамчунин Маҳмадсаид Зубайдзода, зикр кард, ки мақомоти шаҳр хомӯш нанишастааст.

Вай гуфт, мақомоти шаҳри Душанбе аз тамоми захираҳои дар ихтиёр дошта истифода дорад то аз паҳншавии вируси корона ҷилавгирӣ намояд.

“Либоси махсус пӯшида ба беморхонаҳо меравем, таъмиру тамиз мекунем. Ба беморхонаҳои кишвар фишори сахт шуд. То имрӯз беморхонаҳои кишвар ин гуна фишорро надида буданд. Ҳоло вазъ аз пештар хубтар аст. Ҳоло пизишкон ва беморхонаҳо бо тамоми доруҳои лозима таъмин ҳастанд. Дили мо пур аст, аммо ба ҳар ҳол, эҳтиёт кардан лозим аст”, - қайд кард Маҳмадсаид Зубайдзода, муовини раиси шаҳри Душанбе.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (703)
Барчаспҳо:
беҳдошт, вирус, пойтахт, Зубайдзода, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ