12:03 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
58801

Ахиран дидори маҷозии муовини якуми вазири умури хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо сафири Чин дар Душанбе Лю Бин баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, зимни дидори маҷози тарафҳо масъалаҳои амалисозии пружаҳои муштараки зерсохторӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки зимни баррасии масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби чиниро ба интишори матолибе дар расонаҳои чинӣ ҷалб кард, ки мавзӯи марбут ба марзи давлатии ду кишварро ба гунаи ғаразнок бозтоб намудаанд.

“Дар ин замина ва бо назардошти муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвар, таъкид гардид, ки ҷонибҳо бояд ҷиҳати роҳ надодан ба интишори ин гуна матолиби ғаразнок дар расонаҳо тадбирҳои лозим андешанд”, - таъкид мешавад дар хабари Вазорат.

Бояд гуфт, ки ахиран дар баъзе аз расонаҳои чинӣ мақолае зери унвони “Тоҷикистон ҷиҳати интиқоли заминҳо ба Чин ташаббус нишон дода, кӯҳҳои аздастрафтаи Помир ба соҳиби аслиаш баргардонида шуданд” ба чоп расид.

Дар ин мақола таҳлилгарони чинӣ даъвои заминҳо дар минтақаи Помир карда буданд.

Барчаспҳо:
марз, ғаразнок, матолиб, мулоқот, Душанбе, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ