Аврупо ба Тоҷикистон 112 миллион медиҳад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкКупюры евро, архивное фото
Купюры евро, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷмӯи кумак аз се барномаи ба ҳам алоқаманд иборат аст, ки онҳо Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ (52,2 миллион евро), Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат II (50 миллион евро) ва Барномаи дастгирии ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (10 миллион евро) мебошанд.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Комиссияи Аврупо барои таҳкими низоми тандурустӣ ва дигар хидматрасониҳои асосӣ дар Тоҷикистон беш аз 112 миллион евро ҷудо мекунад, гузориш медиҳад "Ховар".

Азиатский банк развития. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
БОР барои мубориза бо пайомадҳои COVID-19 ба Тоҷикистон 50 миллион доллар медиҳад

Чанде пеш Комиссияи Аврупо эълон кардааст, ки барои таҳкими низоми тандурустӣ, маориф ва хадамоти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва дастгирии мамлакат дар мубориза бар зидди коронавирус 112,2 миллион евро ҷудо мекунад.

"Иттиҳоди Аврупо мардуми тоҷикро бо маблағи 112 миллион евро ба Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдиди коронавирус ва қонеъ гардонидани ниёзҳои дарозмуддати тиббию санитарӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дастгирӣ мекунад. Тоҷикистон қодир аст фарогирии тиббии худро зиёд ва беҳтар кунад. ", - тавзеҳ додааст Ваколатдор оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен.

Маҷмӯи кумак аз се барномаи ба ҳам алоқаманд иборат аст, ки онҳо Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ (52,2 миллион евро), Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат II (50 миллион евро) ва Барномаи дастгирии ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (10 миллион евро) мебошанд.

Тоҷикистон барои бунёди НБО “Себзор”-и Бадахшон беш аз 18 миллион еврои дигар мегирад

Ду барномаи аввал дорои унсурҳо мебошанд (ба маблағи умумии 46,2 миллион евро), ки бевосита вокуниши фаврӣ ба пандемияро дастгирӣ мекунанд ва инчунин талошҳоро барои сабук кардани таъсири манфии иҷтимоию иқтисодии он тақвият медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0