Ҳоҷатхона нест ё маданият? Ҳабси ҷавони 27 - сола барои пешоб кардан дар кӯча - навор

© МВД по городу ДушанбеАрест молодого человека за аморальные действия в общественном месте
Арест молодого человека за аморальные действия в общественном месте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавони боздоштшуда иқрор шуд, ки пас аз нӯшидани зиёди "Пиво" назди тарабхонаи "Суғдиён" пешоб намудааст

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Навори амали ғайриахлоқонаи ҷавонмардро корбари шабакаи иҷтимоӣ сабт намуда паҳн кардааст. Зимнан бо дидани ин ҳолат аксари корбарон аз рафтори ҷавонмард изҳори нигаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки номбурда бо ин амали худ маданияти шаҳрнишиниро дағалона вайрон намудааст.

Навори мазкур, ки дастраси кормандони ҳифзи тартибот дар шаҳр гардид, онҳо зуд аз пайи дарёфт ва муҷозоти намудани номбурда шуданд.

Арест женщин за хулиганство - Sputnik Тоҷикистон
Нимашаб маст аз тарабхона баромаданд: ҳабс ва ҷаримаи 4 духтар барои дашному занозанӣ

Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, номбурда Қосимов Равшани 27 - сола, сокини шаҳри Душанбе мебошад, ки пас аз истеъмол намудани миқдори зиёди "Пиво" ин амали ғайриахлоқиро назди тарабхонаи "Суғдиён" содир намудааст.

Дар Душанбе нимашаб девори бетонӣ чаппа шуд ва ду нафар зери он монданд

Манбаъ меафзояд, вобаста  ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Қосимов Равшан парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Зимнан, бо қарори Суд нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 - шабонарӯз таъин ва ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0