00:22 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
506 0 0

Рӯзҳои 25-28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуҷуд омадани боронҳои сел аз эҳтимол дур нест.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Рӯзҳои 25-28 июли соли равон бо сабаби ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани анбӯҳи ҳавои гарму хушки эронӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Туркманистон эҳтимоли баландшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ҷумҳурӣ  дар назар дошта шудааст.

Тавре АМИТ Ховар" бо такя ба Ожонси ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин рӯзҳо дар  ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ ҳаво то 40+42, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 42+44 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 30+35 дараҷа  гармӣ дар назар дошта шудааст.

Раъду барқ ва борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

"Бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар дарёҳои Панҷ, Ғунд, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки инчунин 25-28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуҷуд омадани боронҳои сел аз эҳтимол дур нест.

Барчаспҳо:
гармӣ, борон, борон, Ожонси ҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ