04:17 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
785 0 0

Масъулони Идораи умури дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар вилояти Суғд гуфтанд, ки барои риоя накардани Қонуни танзим, нисбати соҳибони маърака ва чанде аз овозхонҳову роҳбарони тарабхонаҳо ҷарима тадбиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Аюбҷон Саъдуллозода, сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар вилояти Суғд гуфт, дар пайи иҷро накардани талаботҳои Қонуни танзим, нисбати 74 нафар парванда боз шуда ва аз ҷониби судҳо ба маблағи беш аз 300 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

“Аз ҷамъи қонуншиканиҳо дар шаҳри Исфара 10 ҳолат, дар шаҳри Истаравшан 8 ҳолат, дар шаҳри Конибодом 8 ҳолат, дар шаҳри Панҷакент 5 ҳолат, дар шаҳри Хуҷанд 3 ва ҳамингуна дар дигар шаҳру ноҳияҳо 2-3 ҳолатӣ муайян карда шудааст”, - гуфт Саъдуллозода.

Аюбҷон Саъдуллозода афзуд, дар ин давра қонуншикании мансабдорон дар вақти баргузор намудани маърака сабт нашудааст.

Мавридҳои берун гузоштани пой аз панҷаи қонун дар миёни ашхоси бекор, соҳибкорону нафақахӯрон ва овозхонҳову соҳибони туйхонаҳо ба қайд гирифта шудааст.

“Нисбати чор овозхон ҷарима тадбиқ шуда, аз ҳар кадоми онҳо ба маблағи 5 800 сомонӣ ситонида шудааст. Ин овозхонҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Айнӣ фаъолият намуда, бе бастани шартнома дар туйи мардум хизмат расонидаанд”, - гуфт сармутахассис.

Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Суғд 6229 маъракаву маросим баргузор шудааст, ки ин теъдод нисбат ба ҳамин ҳамин давраи соли 2019 - 1965 адад кам будааст.

Хуруҷи бемории коронавируси навъи COVID-19 ба ин ҳол сабаби коҳиши баргузории тӯй ва маъракаҳо шудааст.

Барчаспҳо:
танзим, Суғд, ҷарима, тӯй, тӯй, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ