11:24 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
338 0 0

Сокини 46 - солаи шаҳри Ваҳдат барои харид кардани мошин, ба соҳиби худрав 105 ҳазор сомонӣ дод, аммо соҳиби мошин нашуд. Ӯро мошинфурӯш фиреб дод

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Кормандони милитсияи марди 39 - сола, сокини шаҳри Ваҳдатро дастгир намуданд, ки дар содир намудани кирдори қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, номбурда санаи 4 - уми ноябри соли сипаришуда, автомашинаи "Хундай - Саната" - ро ба ҳамдеҳаи худ барои харид кардан пешниҳод намуд.

Раис аз дасти коргар фиреб хурд: боздошти корманди ширкати “Афзалият-Групп” барои қаллобӣ

Манбаъ меафзояд, ҳамдеҳаи 46 - солаи ӯ бар ивази мошин 105 ҳазор сомонӣ ба мошинфурӯш додааст.

Соҳиби мошин ваъда дод, ки дар кӯтоҳтарин муддат ҳуҷҷатҳои гумрукии автомашинаро дуруст карда медиҳад, аммо дар ин асно ӯ худравашро ба шахси дигар фурӯхтааст. То ин муддат маблағи аз ҳамдеҳаи худ гирифтаро бозпас надодааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса ҳоло тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
мошин, боздошт, қаллоб

Мавзӯъҳои асосӣ