04:54 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
314 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд гуфт, маблағҳое, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 равона гардиданд, мақсаднок истифода бурда шудаанд

ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Раиси вилояти Суғд гуфт, ҷараёни масрафоти маблағҳои буҷавӣ аз сӯи муовинонаш назорат мешуд ва хариди маводи тиббӣ ва ё пардохти маоши табибон ҳам бар асоси ҳуҷҷат (ведемост) сурат гирифтааст.

"Маблағҳои барои пешгирии пандемияи COVID-19 ҷудошуда мақсаднок истифода шудаанд. Ман гуфтам, ки дар чунин вазъ ба ҳолатҳои коррупсионӣ роҳ надиҳанд, зеро аз ин ҳисоб ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳо гуноҳ аст ва ҳам дар назди виҷдон кори дуруст нест. Маблағҳои ҷудошуда тин ба тин ба дасти охирин табибон дода шудааст", - гуфт Аҳмадзода.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории коронавируси навъи COVID-19 аз ҳисоби буҷети вилоят 9 миллиону 561,8 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Ин миқдор маблағ барои харидани таҷҳизоти тиббӣ, либосҳои махсуси табибон, маводи доруворӣ ва тиббӣ ва инчунин кӯмаки моддӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳам иловапулӣ ба маоши кории онҳо равона шудааст.

Раиси вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар оғози хуруҷи бемории коронавирус феҳристи табибон дар шаҳру навоҳии вилоят тартиб дода шуда ва барои ҳар кадоми онҳо ба қадре маводи хӯрока низ дастрас карда шудааст.

Боз як гирифтори коронавирус дар Тоҷикистон даргузашт - омори нави вазорат

Ҳукумати Суғд тасмим дорад, рӯзи 18-уми август, дар рӯзи касбии кормандони тиб, ҳамаи кормандони соҳаро, ки барои саломатии мардум талош мекунанд қадршиносӣ намояд.

"Табибони тоҷик дар замони хуруҷи беморӣ аз худ қаҳрамониҳо нишон доданд ва ворисони Синои бузург будани худро собит намуданд. Бино бар ин, мо чи қадаре, ки табибонро дастгирӣ кунем, ин кам аст", - гуфт Аҳмадзода.
Барчаспҳо:
ҳисобот, Раҷаббой Аҳмадзода

Мавзӯъҳои асосӣ