04:22 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
46 0 0

Сардори Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Хоруғ Носир Мамадназарбеков гуфт, ки ҳар сол дар давраи маъракаи баҳорӣ ва тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан ба 44 нафар даъватшавандагон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят гувоҳномаи ронандагӣ ройгон тақдим мешавад

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дар Бадахшон ҷавононро пеш аз хидмат ронандагӣ меомӯзонанд. 

Тавре расонаҳои давлатӣ гузориш медиҳанд, дар майдончаи Мактаби муттаҳидаи техникии назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ботантанаи қабули ҷавонони то синни даъватӣ ба курсҳои ройгони ронандагӣ баргузор гардид.

Гуфта мешавад, акнун 22 нафар ҷавонони то синни даъватӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баъди таҳсили кӯтоҳмуддат соҳиби гувоҳномаи ройгони ронандагӣ мешаванд.  

"Ин гувоҳномаҳо ба ҷавонписарон дар рӯзҳои маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонписарон ба хизмати Модар-Ватан тақдим мегарданд. Ҳамзамон дар ин ташкилот барои ҷавонони то синни даъватӣ маҳфилҳои гуногун, амсоли "Мерган", "Десантчиёни ҷавон" ва "Алоқачӣ" амал карда, ҳамасола даҳҳо нафар  ҷавонон ба ин давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта мешаванд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Сардори Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Хоруғ Носир Мамадназарбеков гуфт, ки ҳар сол дар давраи маъракаи баҳорӣ ва тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан ба 44 нафар даъватшавандагон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят гувоҳномаи ронандагӣ ройгон тақдим мешавад.

Раҳмон: хизмат дар сафи милиса поквиҷдонӣ, эҳтироми қонуну ҳуқуқи инсонро тақозо мекунад

Дар сатҳи ҷумҳурӣ бо дастгирии Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо нафар ҷавонписарони синни даъватӣ ройгон соҳиби гувоҳномаи ронандагӣ мегарданд.

Мавзӯъҳои асосӣ