12:38 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
184 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 25 июли соли равон эълон кард. Мувофиқи он арзиши рубл боз дар бозори нақду ғайринақди Тоҷикистон пасттар шудааст

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik.  Ҳамин тавр, тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1429 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3099 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.9853 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта гаронтар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3099 сомонӣ, 1 евро – 11.9853 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1429 сомонӣ мебошад.

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.Read more: https://sputnik-tj.com/economy/20200724/1031627752/Bonk-milli-arzishi-rubl-dollar-va-evroro-baroi-imruz-elon-kard.html

Мавзӯъҳои асосӣ