12:39 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3840 0 0

Дафтари матбуоти президент хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо фарзандону наберагон аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуда, меваҳои полезӣ чидааст

ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Тавре манбаъ менависад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара қарор дошт ва аз се хоҷагии деҳқонӣ дидан кард. Дар ин сафар раисҷумҳурро фарзандону наберагонаш низ ҳамроҳӣ мекарданд.

Зимни боздид аз Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандону наберагон аз заминҳои полезӣ, ки ҳосили фаровон парвариш ёфтааст, тарбузу харбуза ҷамъоварӣ кардааст.

"Дар ҳамин ҷо Президентба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки аз ҳосили имрӯз ҷамъоваришуда ба ду муассисаи пойтахт — Мактаб — интернати рақами 1 барои кӯдакони ятиму бесаробон ва Мактаб — интернати рақами 2 — и кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ду мошини пурбор бо 20 тонн полезӣ кумаки моддӣ расонанд", - менависад манбаъ.

Ҳамин тавр президент аз хоҷагиҳои "Сомонҷон", "Фатҳиддин" ва "Барно" дидан кардааст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ