11:10 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (698)
1393 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро нашр намуда, фавти як дардманди дигарро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз як дардманди коронавирус ҷон аз даст дод, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, бо илова шудани мавориди ҷадиди фавт, теъдоди умумии қурбониёни COVID - 19 дар Тоҷикистон ба 59 нафар баробар шуд.

Манбаъ меафзояд, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави сироятёбӣ ба ин беморӣ сабт гардида шумораи умумии гирифторони коронавирус 5906 нафарро ташкил медиҳад.

Боз як гирифтори коронавирус дар Тоҷикистон даргузашт - омори нави вазорат

Зимнан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 124 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 55 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон расман бурузи ин маризиро 30- юми апрел эълон карданд. Дар робита ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин аризӣ дари макотибу масҷидҳо, бозору тарабхонаҳо ва ҳамчунин равобити ҳавоӣ ва заминӣ масдуд карда шуд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (698)
Барчаспҳо:
маризӣ, фавт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ