00:46 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
62901

 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз куштаву захмӣ шудани ҳудуди 30 нафар дар ҷойҳои корашон хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар шарҳи ин хабар гуфт, дар нимаи аввали соли равон дар корхонаҳои марбути ин вазорат 30 ҳолати ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ рух додааст.

“16 нафар ба ҳалокат расиданд, 15 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Далели рух додани ин ҳодисаҳои нохуш беэҳтиётӣ ва ғайриҳирфаӣ будани кормандон аст”, - гуфт Гулрӯ Ҷабборзода.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз ин бештар тафсилот ироа накард.

Дар Тоҷикистон ба истиснои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар Тоҷикистон боз 4 хадамоти дигар, назири Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи энергетика, Хадамоти назорати санитарию эпидемиологӣ ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ бо тафтиши ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва бемориҳои касбии дар ҷои кор гирифташуда машғул буда, ҳисоботи алоҳидаи худро доранд.

Қаблан Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ аз ҳалокати 3 ва ҷарҳати вазнин бардоштани 13 нафари дигар дар кори ширкату сохтмонҳои Тоҷикистон хабар дода буд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳангоми кор дар шифохонаҳои ин кишвар тайи ним соли гузашта, аз ҷумла замони пандемияи “вируси корона” дар ҷойи кор касе нафавтидааст

Мавзӯъҳои асосӣ