04:21 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
373 0 0

Нахустин базми арӯсӣ дар деҳаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон дар ҳолу ҳавои шодиву сурур барпо гардид

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, санаи  25 июл, ду навҷавон дар остонаи анҷоми бунёди манзилҳои нав ҷашни арӯсӣ доир намуданд.

Гуфта шудааст, ки арӯс духтари хонаводаи Шермаҳмад Раҷабов аст, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл вориди манзили навбунёд гардидааст.

“Ин овои ҳаёти нав дар деҳаест, ки 67 хонавода дар он манзили нав ёфтанд. Ба назар мерасад, ки ҳаёт ба маҷрои худ бармегардад, ғаму ғуссаи бехонагӣ пушти сар мемонад, ғамҳо ба шодиву сурур, гиряҳо табдил ба ханда мешаванд. Ҳаёт идома дорад!”, - таъкид доштааст манбаъ

Ҳамзамон мақомоти вилояти Хатлон илова кардааст, ки имрӯзҳо дар ҳамаи хонаҳои навбунёд корҳои андоваи дохили хонаҳо идома доранд, дару тирезаҳоро ранг мекунанд ва дар кутоҳтарин фурсат кулли сокинон ба манзилҳои нави худ ворид хоҳанд шуд.

Инчунин, гуфта шудааст, ки дар ин деҳаи нав ҳамчунин сохтани бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, маркази савдо дар назар аст. Қарор аст 1,5 километр роҳ низ мумфарш шавад ва барои таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ 18 чоҳ кананд.

Барчаспҳо:
арӯсӣ, базм, тӯй, Хуросон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ