04:26 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
828 0 0

Як дандонпизишк барои шикори ғайриқонунии бузи пармашох, ки ҷаримааш бо қарори ҳукумати Тоҷикистон 464 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, боздошт гардидааст

 ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Азизулло Исматзода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, як дандонпизишкеро дар ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон барои шикори ғайриқонунии бузи пармашох ё морхӯр боздошт кардаанд.

“Ӯ як одами масъул ба ҳисоб меравад. Медонист, ки оқибати ин кор чӣ мешавад. Аммо дидаву дониста ин корро кардааст. Ҳоло парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва мақомоти дахлдор тафтиш карда истодаанд”, - гуфт Азизулло Исматзода.

Директори Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон аз ин беш ҷузъётро ироа накард. Талошҳои мо барои ба даст овардани маълумоти бештар аз мақомоти маҳаллӣ низ натиҷа надоданд. Аммо бино ба манобеъи расмӣ, тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 790 аз 31 декабри соли 2014 шикори ғайриқонунии бузи пармашох ё морхӯр ба 8 ҳазор нишондиҳанда (як нишондиҳанда – 58 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима дорад, ки ба 464 ҳазор сомонӣ ё беш аз 45 ҳазор доллар баробар аст.

Бузи пармашох ё морхӯр гаронтарин сайдест, ки барои як сараш 316 ҳазору 800 меъёри пардохт муайян шудааст. Барои муқоиса шикори расмии гӯсфанди маъруфи помирӣ - Марко Поло 55, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ - 26 ҳазору 400 сомонӣ ва хирси маллаи тиёншонӣ – 10 ҳазору 135 арзиш дорад.

Соли равон низ дар баробари 105 сар гӯсфанди помирӣ (архар), 12 сар гӯсфанди бухороӣ (уриал) ва 10 сар хирс, ҳамагӣ ба 13 сар бузи пармашох ё морхӯр иҷозаи шикор дода шудааст.

Бузи пармашох ё морхӯр ба “Китоби сурх” – и Тоҷикистон ворид шуда, асосан дар ҷангали кӯҳҳои навоҳии Шамсиддини Шоҳин, Шӯробод ва Дарвоз ба сар мебарад ва теъдоди умумии онҳо 5 ҳазор сар тахмин зада мешавад.

Саршумори гӯсфанди Марко Поло якуним ҳазор афзудаст

Бино ба таҳқиқи охирини Агентии хоҷагии ҷангал ва дигар ниҳодҳои масъули Тоҷикистон, фақат дар ҳудуди хоҷагиҳои шикории қаторкуҳҳои Ҳазрати Шоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар майдони 104 ҳазор гектар теъдоди бузи пармашох ба 3927 (2019 - 2929) сар расидааст.

Мавзӯъҳои асосӣ