05:14 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1045 0 0

Ситоди ҷумҳуривӣ таъкид намудааст, ки ба хотири пешгирӣ аз бурузи мавҷи дуюми маризии коронавирус гаштугузор ва идгардак манъ мебошад

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявӣ ба таваҷҷӯҳи сокинони ҷумҳурӣ мерасонад, ки бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини  бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз  паҳншавии мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар Тоҷикистон баргузории ҳама гуна ҷамъомадҳо, гаштугузорҳо, инчунин идгардак  дар  рӯзи иди Қурбон  манъ мебошад, хабар медиҳад агентии Ховар.

Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки  якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ вобаста ба риоя шудани талаботи мазкур корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ тақвият  бахшанд.

Раиси вилояти Суғд идгардак кард: Аҳмадзода ба аёдати шоир Мирзоаҳмади Ҷӯразод рафт

Ҳамзамон Ситоди ҷумҳуриявӣ аз сокинони мамлакат даъват менамояд, ки дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ амал карда, қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, фосилаи байниҳамдигарӣ ва истифодаи   ниқобҳои тиббии муҳофизатиро   қатъиян риоя намоянд.

Дар Тоҷикистон ба фарқ аз се кишвари Осиёи Марказӣ - Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон вазъият дар робита ба паҳншавии ин маризӣ беҳтар аст.

Аз замони авҷи ин беморӣ дар Тоҷикистон наздики 6000 нафар дардманд гардида, 59 мариз қурбон шуданд.

Ёдовар мешавем, имсол дар Тоҷикистон Иди Қурбон, яке аз ҷашнҳои мусалмонони дунё санаи 31 июл ҳафтаи равон таҷлил карда мешавад. Бинобар хабари Шӯрои уламои маркази исломии кишвар намози Иди Қурбон низ бидуни ҷамъомад дар хонаҳо доир мегардад.

Барчаспҳо:
манъ, идгардак, маризӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ