Қоидаҳои иди Қурбон дар соли 2020 : муроҷиати Шӯрои уламо ба мардуми Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевПраздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо қарори Шӯрои уламо таҷлили Иди Қурбон рўзи 31 июли соли 2020 муқаррар шудааст. Тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо намози Иди Қурбон баргузор намегардад

ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишварро бо фаро расидани Иди Қурбон табрик карда аз қоидаҳои таҷлили Иди Қурбон дар замони ҳамагирии COVID - 19 огоҳ мекунад.

Ҳамин тавр, бинобар сабаби паҳншавии бесобиқаи бемории сироятии короновирус дар ҷаҳон, ҷиҳати эмин нигоҳдоштани аҳолии  кишвар аз сирояти бештари он, тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо намози Иди Қурбон баргузор намегардад.

Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон муайян шуд

Замони қурбонӣ ва тақсимот

Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, Иди Қурбон рўзи хайру саховат ва дастгирии фақирону камбизоатон, бенавоёну ятимон буда, онҳое ки қудрати қурбонӣ карданро доранд, бояд аз ҳоли фақирону мискинон бохабар шаванд.

"Ҳикмати қурбонӣ дар он аст, ки мардуми камбизоат аз он баҳра баранд ва дар рўзи ид ҳамроҳи дигарон шодиву сурур дошта бошанд. Дар ин маврид Пайғамбари Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «Фақиронро аз суол намудан дар ин рўз бениёз гардонед!", - таъкид мекунад ин ниҳод.

Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, дар Иди Қурбон то се рўз қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Бо дарназардошти баргузор нашудани намози ид, тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ қурбонӣ баъд аз тақрибан як соат аз тулуи офтоб анҷом дода мешавад. 

Гўшти қурбонӣ се тақсим карда шуда, қисме барои соҳиби қурбонӣ, қисме барои хешу табор ва ёру дўстон ва қисми дигар ба одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд дода мешавад.

Бе идгардак

Бо назардошти вазъияти кунунӣ Шӯрои уламои Тоҷикистон даъват мекунад, ки дар рўзи ид мардум аз қабули меҳмонон худдорӣ намуда, таъоми омоданамудаашонро ба хонаҳои кўдакон, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон бурда диҳанд, зеро ки аҷру подоши зиёд дорад.

"Хотиррасон менамоем, ки айни ҳол дар давлатҳои ҳамсоя мавҷи дуввуми бемории сирояти COVID-19 хуруҷ карда, ҳолати дубораи карантинӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар ҳолати ташкил намудани идгардаки калонсолон ва хурдсолон эҳтимолияти паҳншавии дубораи вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Беҳтар аст, ки ҳар нафаре аз хонаи худ дар ҳаққи гузаштагон дуо кунанд, зеро  дуо аз ҳар ҷо қабул мешавад".   

Ба тақвияти гуфтаҳои боло Шӯрои уламо аз фармудаҳои Пайғамбар (с) овардааст: “Шахси мариз назди шахси тандуруст оварда нашавад.” Олимон зимни ҳадиси мазкур фармудаанд:  «Шахсони солим набояд бо касоне, ки ба бемориҳои сирояткунанда гирифторанд, нишасту бархост кунанд, то ин ки беморӣ ба онҳо нагузарад».

"Мувофиқи таълимоти шариат риояи муқаррароти фатвои Шўрои уламо барои мусулмонони ҳамон кишвар воҷиб аст. Аз ин рў, қотеона тақозо карда мешавад, ки мардум хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардаки калонсолону кўдакон қатъиян худдорӣ намоянд", - таъкид мекунад Шӯрои уламо.

Ҷаноза мувофиқи дастурамал

Дар баробари ин, Шӯрои уламо хотирнишон карда, ки вақтҳои охир ҳангоми адо намудани намози ҷаноза талаботи Дастурамали «Тартиби дафни бандаи муъмин», ки аз ҷониби Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, сарфи назар карда мешавад. Намозҳои ҷаноза мисли пештара бо шумораи зиёди одамон, бе риояи қоидаҳои беҳдошт, бидуни пўшидани ниқоби муҳофизатӣ ва масофгирии ҷисмонӣ анҷом дода мешаванд. Ин ҳолат хатари воқеии сироят ба бемории COVID-19-ро дучанду даҳчанд менамояд.

Карантин в Узбекистане - Sputnik Тоҷикистон
Тамдиди қарантина дар Ӯзбекистон: аз манъи ҳаракати нақлиёт то таҷлили Иди Қурбон бо оила

Бо иштирок дар чунин ибодатҳо ҳар кас худ, хешу табор ва аторофиёнро зери хатари ҷиддии сироятёбӣ қарор медиҳад, ки чунин рафтор аз лиҳози дини мубини Ислом, хусусан мазҳаби ҳанафӣ қатъиян маҳкум мегардад. Аз чунин амали хатарзо ягон гуна савоб ҳосил намешавад, балки ингуна ашхос муртакиби гуноҳ мегарданд.

Бинобар ин, Шўрои уламо ҷиҳати эмин нигоҳ доштани мардум аз сирояти бемории COVID-19 қотеона тақозо менамояд, ки намозҳои ҷаноза бо иштироки шумораи ками хешу таборони наздики маййит, бо рияои қатъии Дастурамали «Тартиби дафни бандаи муъмин» анҷом дода шавад.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи беҳдоштӣ  анҷом дода, дар масофаи 2 метр аз тобут дуртар меистад. Имом ва намозхонон бояд масофаро риоя намуда, ҳатман ниқоб пўшанд. 

Намозҳои ҷаноза танҳо аз ҷониби мутасаддиён – имомхатибон, имомони масҷидҳои панҷвақта ва шахсоне, ки ба ин кор муваззаф шудаанд, хонда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0