Суғд: мақомот шумораи муҳоҷирони депортшударо эълон карданд

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузариш ба медиабонкСпецприемник для нелегальных мигрантов, архивное фото
Спецприемник для нелегальных мигрантов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, омори шаҳрвандони депорт ё хориҷшуда дар қаламрави Федератсияи Русияро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Зайнура Шарифӣ, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гуфт, омори муҳоҷирони депортшуда, дар асоси муроҷиати худи шаҳрвандон мураттаб шудааст.

“Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 817 нафар шаҳрвандон шифоҳӣ ва аз тариқи телефон ба унвонии Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо Суғд муроҷиат намуданд. Зимни санҷиш маълум гардид, ки аз шумори умумии муроҷиаткунандагон, барои 1 ҳазору 23 нафар, аз ҷумла 892 мард ва 131 зан воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъ гардидааст”, - гуфт Шарифӣ.
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоли як тобут ва 22 тоҷики депортшуда аз Русия ба Тоҷикистон

Сардори Раёсат мегуяд, ҳукмномаи манъи муҳлати воридшавии ин шумор шаҳрвандон ба ҳудуди Русия гуногун буда, аз 3 то 5 солро дар бар мегирад. Зайнура Шарифӣ қайд намуд, ки риоя нашудани қонунҳои будубоши муҳоҷират, сабаби манъи вуруди онҳо ба қаламрави ин кишвар шудааст.

“Бо вуҷуди таъкидҳои мо дар нуқтаҳои сафаркунии шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд” ва истгоҳи “Роҳи оҳан” ва ҳам огоҳсозии мақомотҳои Федератсияи Русия, баъзеҳо шаҳрвандони мо дидаву дониста даст ба қонуншиканӣ мезананд. Ин кори онҳо боис мешавад, ки аз ҳудуди кишваре, ки дар шароити муҳоҷират кор мекунанд, хориҷ шаванд”, - зикр намуд Шарифӣ.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки то баста шудани сарҳадҳо ҳудуди 30, 5 ҳазор сокини Суғд ба хориҷи кишвар сафар кардаанд ва аз ин шумор 29, 3 ҳазор нафар ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 6, 6 ҳазор нафари онҳо занон будаанд.

Даҳҳо тоҷики депортшуда аз Русия ба ватан баргаштанд: интиқоли шаҳрвандон идома дорад

Дар ин давра 22 ҳазору 885 нафар , (мардҳо 15 ҳазору 867, занҳо 7 ҳазору 18 нафар) муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар баргаштаанд.

Лентаи хабарҳо
0