12:07 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
613 0 0

 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон директори ширкати “Тоҷиктрансгаз” – ро барои ба кор гумоштани ҷиянаш аз вазифа барканор кардааст

 Душанбе, 28 июл - Sputnik. Бино ба додаҳои Агентӣ, Саодат Очилдиева, директори “Тоҷиктрансгаз”, дар гузашта директори “Турсунзодагаз” барои ба кор гумоштани ҷиянаш Қодирҷон Расулов аз вазифа сабукдӯш шудааст.

“Дар пайи санҷиши Сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррусионидоштаи Агентӣ маълум шуд, ки ӯ ҷиянашро муҳосиби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷиктрансгаз” таъин кардааст. Дар ин робита дастури хаттӣ содир шуд ва мавсуф аз вазифа барканор карда шуд”, - омадааст дар хабар.

Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, тайи ним соли равон 41 ҳолати аз сӯи роҳбарони идораҳои давлатӣ ба вазифа таъин шудани наздикон муайян шудааст. Бино ба ин манбаъ, дар вилояти Суғд – 7, Хатлон – 9, шаҳру навоҳии Ҳисору Турсунзода – 9, Рашт – 2, Душанбе – 6 ҳолат ва ба шумули мавриди дар боло зикршуда, аз сӯи Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентӣ 7 ҳолати дигар ошкор шудаанд.

Барот Расулӣ, сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентӣ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ин ҳолатҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Навоҳии тобеъи ҷумҳуриву шаҳри Душанбе ошкор шудаанд.

Ҳоли Иноятзода, раиси барканоршудаи Кӯлоб ва афзоиши дубораи беморон дар шаҳр

“Ин ҳолатҳо бар асоси маълумот аз сӯи мо санҷида мешавад. Аз ҳар куҷо, ки маълумот омад, мавриди санҷиши мо қарор мегирад. Дуюм, бино ба “Стратегияи мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020” ва ҳангоми таҳлили хавфҳои коррупсионӣ бар асоси методологияи таҳлили фаъолияти коррупсионӣ гузаронида мешавад”, - гуфт Барот Расулӣ.

Бино ба феҳристе, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, аксари ин афрод директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, раисони ҷамоатҳо, мудиру муовинони раҳбарони мақомотҳои маҳаллӣ ва дигар мансабдорони сатҳи поён буда, барои таъйини ҷиян, духтар, писар, келин, ҳамсар, бародар, амак ва модари худ ба вазифа тибқи дастури Агентӣ аз вазифа сабукдӯш шудаанд.

Оғози парванда алайҳи директори мактаб барои “хешутаборчигӣ” ва исрофкорӣ

Тибқи моддаи 9 – и Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ хизмати якҷояи хешовандони наздик манъ карда шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ