13:20 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
132 0 0

Ширкати “Барқи тоҷик”, бузургтарин тавлидгари барқи Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли равон 29,5 миллиард сомонӣ қарзи кредиторӣ ва 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ қарзи дебиторӣ дорад

Душанбе, 28 июл - Sputnik. Рустам Маҷидзода, сардори бахши молияи "Барқи тоҷик", зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, дар ҳоли ҳозир ширкат аз вазорати молия 23, 7, неругоҳҳои “Сангтӯда 1” ва “Сангтӯда – 2” мутаносибан 1,5, ва 1,9, аз Бонки тиҷоратии Чин - 2,4 миллиард сомонӣ қарздор аст.

“Хушбахтона, гуфтан мумкин аст, ки қарздории солҳои пеш – ҳудуди 450 миллион сомонӣ, ки аз ҳисоби андоз буд, пурра пардохт шудааст. Ширкат аз ҳисоби андоз қарзи хеле кам дорад, ки пардохт мешавад”, - гуфт Рустам Маҷидзода.

Тибқи иттилои “Барқи тоҷик”, ба 1 июли соли 2020 қарзҳои дебитории ширкат 2 миллиарду 671,7 миллион сомониро ташкил дода, бузургтарин қарздорон аҳолии кишвар - 1 миллиарду 9 ҳазор, ширкати “Талко” – 415, Агентии беҳдошти замини назди ҳукумати Тоҷикистон – 244, корхонаҳои буҷетӣ – 90 ва хоҷагиҳои кишоварзӣ - 90 миллион сомонӣ мебошанд.

"Барқи Тоҷик": мо нархи барқро боло набурдаем

 

Мавзӯъҳои асосӣ