04:02 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
754 0 0

Раҳбари ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон таъкид карда, ки парвозҳои мустақим пас аз ба эътидол даромадани вазъияти ҳамагирии коронавирус, аз сар гирифта мешаванд

ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Кубатбек Боронов кишварҳоеро ном бурд, ки дар навбати аввал бо онҳо парвозҳои мустақим барқарор хоҳад шуд.

Бино ба гуфти раиси ҳукумат, ин се кишвар: Русия, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб мебошанд. Пасон ба дигар кишварҳо низ парвозҳо барқарор хоҳанд шуд, хабар медиҳад, Sputnik Қирғизистон.

Боронов изҳор дошта, ки қарори ситод дар бораи барқарор кардани парвозҳо гирифта шудааст, вале ин масъала бо ҳамр кишвар дар алоҳидагӣ баррасӣ мешавад.

Роҳи ҷадид: содироти молу коло аз Эрон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон аз масири Афғонистон

Раҳбари ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон таъкид карда, ки парвозҳои мустақим пас аз ба эътидол даромадани вазъияти ҳамагирии коронавирус, аз сар гирифта мешаванд.

Барчаспҳо:
аз сари нав, ҳавоӣ, парвоз, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ