11:28 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
385 0 0

Мақомоти Тоҷикистон даҳлези ҷодаии Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон (KTAI) – ро масире наздиктарин ва мувофиқтарин барои тиҷорат меҳисобанд, аммо аз амнияти он хавф доранд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Шералӣ Ранҷалзода, сардори Хадамоти назорат ва танзими соҳаи нақлиёти вазорати нақлиёти ин кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин даҳлез пас аз баста шудани марзҳои Туркманистон ба рӯи мошинҳои боркаше, ки аз бандарҳои ҷанубии Эрон ба Осиёи Миёна молу коло мекашониданд, ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ буд.

“Ин як тарҳи пилотӣ буда, аз сӯи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) ҳамчун роҳандозӣ шудааст. Ҳадаф эҷоди як масири алтернативии тиҷорӣ аст. Мо аз он интизориҳои зиёд дорем, аммо суол ин ҷост, ки оё вазъи амниятии Афғонистон то куҷо ба амалӣ шудани он созгорӣ мекунад. Аввал бояд дид, ки мошинҳои боркаш чӣ гуна рафта меоянд, харҷашон чӣ қадар мешавад. Агар тарҳ муваффақ шавад, бешак, ба рушди тиҷорати минтақаӣ такон хоҳад дод”, - гуфт Шералӣ Ганҷалзода.

26 июл расонаҳои эронӣ аз ифтитоҳи ин даҳлез ё коридори ҷодаӣ барои интиқоли молу коло хабар дода буданд. Мустафо Оятӣ, мудири кулли транзити гумруки Эрон гуфта буд, ки панҷ мошини боркаш тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон рафтанд, ки бо анҷоми ташрифоти "TIR carnet" дар гумруки Дуғорун расман масири КТАИ ифтитоҳ шуд.

“Ду мошини боркаш низ нахустин бор аз гумруки бандари шаҳид Раҷоӣ дар ҷануби Эрон ба мақсади Қирғизистон дар коридори КТАИ ирсол шуд”, - гуфтааст Мустафо Оятӣ.

Дар ҳамин ҳол, ин бори аввал нест, ки аз ифтитоҳи ин даҳлез ва ирсоли аввалин мошинҳои боркаш ба Тоҷикистону Қирғизистон хабар дода мешавад.

4 марти соли равон Иттиҳоди байнулмилалии нақлиёти заминӣ (The International Road Transport Union, IRU) низ аз ифтитоҳи роҳрав ё даҳлези Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон (KTAI) ва ирсоли озмоишии як корвони боркашонҳои TIR аз бандари Бандари Аббос, яке аз 100 бандари бузурги ҷаҳон, тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

“Боркашҳои TIR сафари худро ба саросари Афғонистон идома доданд ва бо суръат ба мақсади ниҳоии худ рафтанд ва бо хаёли роҳат вориди Душанбе, Тоҷикистон шуданд”, - омада буд дар иттилоияи IRU.

Бар асоси гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ, ҷамъияти кулли чаҳор кишвари тӯли даҳлез беш аз 128 миллион нафар ва кулли тавлиди нохолис дохилӣ (ТНД) - и онҳо наздик ба ним трилион доллар аст.

TIR (Transports International Routiers) ё “Ҳамлу нақли заминии байнулмилалӣ як низоми ҳамлу нақли заминии байнулмилалии молу коло аст, ки бар асоси Конвенсияи гумрукии ҳамли молу колои байнулмилалӣ кор мекунад. Ин низом қариб дар 70 кишвари ҷаҳон фаъол аст.

Ширкатҳое, ки машғули ҳамлу нақли байнулмилалӣ ва узви TIR – анд, аз асноди гумрукие ба номи Carnet TIR истифода мекунанд, ки бидуни пардохти молиёти гумрукӣ марзи кишварҳоро убур мекунанд, баррасии комил намешаванд ва аз дигар сабукиҳо бархӯрдоранд.

Бино ба иттилои IRU, даҳлези Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон (KTAI) кӯтоҳтарини масири мумкин байни Эрон ва Қирғизистон аст, ки TIR тариқи он 5 рӯз дар замони транзити маъмул вақт сарфаҷӯӣ мекунад ва китобчаи Carnet TIR вақти иниқоли молу колоро ба 80% ва хароҷоти роҳро то 38% коҳиш медиҳад.

 

Мавзӯъҳои асосӣ