12:02 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
439 0 0

Шаҳрдории Душанбе бо нашри як эълон ба сокинони пойтахт ҳушдор додааст, ки об захира кунанд, зеро интиқоли он қатъ мешавад

 ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, аз соати 22:00-и 3 август то соати 23:00-и 4 август бархе кӯчаҳо беоб мемонанд.

Гуфта мешавад, қатъи об бо сабаби  иҷрои корҳо ҷиҳати пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 1200 мм ба шоҳқубури амалкунанда  дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ роҳандозӣ мешавад.

Ҳамин тавр, интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои А.Мухторов, Камола, Нодира, Хуҷамбиёи боло, Хуҷамбиёи поён, Шафақи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои  Шодоб ва Арғувони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  қатъ мегардад. 

"Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" вазифадор гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд",-афзудааст манбаъ.

Ҳамчунин Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш  менамояд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро  барои як шабонарӯз захира намоянд.

Мавзӯъҳои асосӣ