13:31 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
82 0 0

Омодагиҳо ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон, ки қарор аст аз 1 то 15 октябри соли 2020 баргузор шавад, дар сатҳи баланди ташкилӣ идома доранд

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Гулнора Ҳасанзода, роҳбари Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон  зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, дар давоми шашмоҳаи  аввали соли равон Агентии омори дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии омор дар шаҳру ноҳияҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, намояндагии Хазинаи нуфуси СММ ва дигар вазорату идораҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар соли 2020 як зумра корҳоро анҷом додааст.

Ба гуфтаи вай, моҳҳои март-апрели соли 2020 барои сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии омору МД “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ, роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ ва кормандони масъули барӯйхатгирӣ дастурдиҳии омӯзишӣ вобаста ба тартиб додани рӯйхати биноҳо (хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ) гузаронида шуд.

“Тартиб додани рӯйхати биноҳо (хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ дар 2 марҳила (марҳилаи 1 аз 6 то 20 апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, шаҳри Ҳисор ва ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ) ва марҳилаи дуюм аз 6 то 20 июли соли 2020 дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ идома ёфт”, - гуфт Гулнора Ҳасанзода.

Вай қайд кард, ки дар заминаи маълумоти бақайдгирӣ миқдори зарурии кормандони марҳилаи асосии барӯйхатгирӣ аниқ карда шуда, ноҳиябандӣ дар асоси нақшаи схематикӣ ва маводи зарурӣ муайян карда мешавад.

Барои тарғибу ташвиқи аҳолии Тоҷикистон оид ба аз 1 то 15 октябри соли 2020 баргузор гардидани Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфуси СММ ва Ҳукумати Русия, корҳои омода намудани намунаи маводи таблиғотӣ, аз ҷумла банерҳо, плакатҳо дар варақаҳои андозаи гуногун омода карда шуда, барои чоп пешниҳод карда шуданд.

Барчаспҳо:
аҳолӣ, маърака, баланд, рӯйхат, омор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ