11:26 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
509 0 0

Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир ҳамагӣ 92 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор доранд

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 92 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 48 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 46 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7366  нафар баробар гардид.

"То санаи  30  июл  дар мамлакат  6151 (83,5%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 60  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ ёдоварӣ карда, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, вируси нав, Вазорати тандурустӣ, омор

Мавзӯъҳои асосӣ