00:17 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
359602

Мирзобек Каримов, собиқ сардори Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд, дар синни 67 – солагӣ ҷон ба фонофарин таслим кард

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Сафарбек Авазов, раиси деҳаи Гулободи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, полковник Каримов тақрибан даҳ рӯзи пеш мариз шуд ва ду рӯзи охир дар Маркази тиббии шаҳрии №2 ба номи Комил Тоҷиев, воқеъ дар “Шаҳраки тиббӣ” – и Душанбе бистарӣ буд.

“Аз маризии қанд ранҷ мекашид. Духтурон гуфтанд, ки хунаш ғафс шуда, пойҳояш аз ҳаракат мондаанд. Дирӯз ҳолаш ба вахомат гароида буд ва аз шифохона рухсат шуд. Соатҳои 4 ба 5 бомдоди 31 июл даъвати Ҳақро лаббайк гуфт”, - гуфт Сафарбек Авазов.

Бино ба иттилои наздиконаш, Мирзобек Каримов соли 1953 дар маҳаллаи он замон "Истгоҳ" (истгоҳи қаторҳои роҳи оҳан) - и шаҳри Душанбе, ки баъдтар Хоҷагии тухмипарварӣ, мавсум ба "Селексионний" ном гирифт, таваллуд шудааст.

Дар оғоз коргари оддии корхонаи роҳ (ДЭУ), баъдтар курсҳои ронандагӣ ва махсусро хатм карда, корманди оддии Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт буд.

Соли 1987 сардори шуъбаи БДА – и ин ноҳия, баъдтар командири баталён ва то соли 1993 сардори БДА – и шаҳри Душанбе буд.

Боз як гирифтори коронавирус дар Тоҷикистон даргузашт - омори нави вазорат

Пас аз таъсис ёфтани Пулиси андози Тоҷикистон дар соли 1996 муовинати сардори онро ба ӯҳда дошт. Як муддати дигар сардори БДА – и вилояти Суғд ва пас аз анҷоми ин вазифа то бознишастагӣ устоди Академияи милисаи Тоҷикистон буд.

Аммо маҳбубияту шуҳрати Мирзобек Каримов миёни мардум на аз вазифаҳо, балки ободкориҳои ӯ бастагӣ доранд. Солҳои 90 бо ибтикори ӯ дар маҳаллаи "Селексионний" хати газ оварда, хатҳои барқ таҷдид ва роҳҳо мумфарш шуданд.

"Ин ҳама аз кордонии ӯ буд. Ӯ соҳибкорону дигар хайрхоҳонро ҷамъ карда, онҳоро дастгирӣ кард ва дар он замонаҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ маҳаллаашро обод кард", - гуфт Сафарбек Авазов.

Он замон маҳаллаи "Селексионний" – ро ба хотири заҳматҳои ӯ "Мирзобек" ном ниҳоданд. Ин ном ҳам баъдтар дар пайи маъракаи табдили номҳо дар кишвар ба "Гулобод" тағйир ёфт, аммо ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ин ҳол эҳтирому таваҷҷӯҳи мардумро ба Мирзобек Каримов кам накард.

Зуҳри имрӯз, 31 июл, ҷанозаи Мирзобек Каримов дар деҳаи Гулобод бо ширкати ҳазорҳо нафар ба хок супурда шуд.

 

Мавзӯъҳои асосӣ