09:21 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
614 0 0

Маркази таҳлилии Picodi дар гузориши ахири худ таъкид кардааст, ки қиматтарин бензин дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Маркази таҳлилии Picodi бо баррасии қимати бензин дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро дар радифи кишварҳое қарор додааст, ки дорои болотарин нархи ин навъи сӯхт мебошанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Бар ин асос қимати як литр бензин дар Қазоқистон 42 сент ва Тоҷикистон 77 сент аст, ки арзонтарин ва гаронтарини нархи ин сӯхт дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд.

Ҳамчунин маркази таҳлилии Picodi мизони таҳияи бензин дар кишварҳои Осиёи Марказиро бар асоси маоши якмоҳаи кормандон баррасӣ кардааст, ки нишон медиҳад дар Қазоқистон бо як моҳ дастмузд метавон 923 литр бензин харидорӣ кард.

Дар Узбакистон ин шохис 330 литр, дар Қирғизистон 329 литр ва дар Тоҷикистон 151 литр унвон шудааст.

Тоҷикистон бахши умдаи бензини мавриди ниёзи худро аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.

Барчаспҳо:
Осиёи Марказӣ, гаронтарин, бензин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ