12:29 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
734 0 0

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, аз 30 - апрел то имрӯз аз ин беморӣ 60 кас ҷон бохтааст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, шумораи умумии гирифторони бемории коронавирус дар кишвар ба 7451 нафар расидааст.

Бар пояи омори Вазорати беҳдошти Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, то имрӯз дар мамлакат  6233 (83,6%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд.

Бар асари ин беморӣ 60  нафар фавтидаанд.

"Дар як шабонарӯзи охир 95 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 40 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд",- омадааст дар хабарнома.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд, менависад АМИТ "Ховар".

Манбаъ афзуда, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Барчаспҳо:
вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ