Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 3 августа
День 3 августа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи сеюми август аз Рӯзи ҷаҳонии арбуз ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Нигерия аз Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 3 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1795 Консерваторияи Париж таъсис дода шуд.

Соли 1922 Радиои Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон  таъсири садоро (радиоэффект) истифода бурд.

День 2 августа - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1952 дар пойтахти Финландия – шаҳри Хелсинки маросими ба итмом расидани бозиҳои XV олимпии тобистона баргузор гардид, ки 19 июл ифтитоҳ гардида буд.

Сли 1980 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия маросими хотимаёбии бозиҳои XXII олимпии тобистона баргузор шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 31 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

 Соли 1926 дар майдони Пиккадилли аввалин маротиба дар Лондон чароғаки роҳ (светофор) насб гардид.

Соли 2002 аввалин маротиба дар Россия роҳи оҳани босуръат ба истифода дода шуд.

Рӯзи 3 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли 2016 масоили вақт ва дурнамои муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Франсия, махсусан дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.

День 1 августа - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2011 дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди корхонаи муштараки «Зарафшон» коргоҳи нави заршўӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он дар як шабонарўз метавонад то 2 ҳазор тонна маъданро коркард намуда, аз он тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо ҷудо кунад.

Соли 2015 масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА баррасӣ гардид

Соли 2015 сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тарҳи навашро бо забони арабӣ фаъол намуд. Дар айни замон тарҳи мазкур ба монанди тарҳҳои сомона ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ  бо назардошти сохти навтарини сомонасозӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилаии сомонаҳои иттилоотӣ фаъолият дорад.

Ҷашнҳои рӯзи 3 август

  • Дар Нигерия – Рӯзи истиқлолият.
  • Рӯзи арбуз

Рӯзи 3 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1909-1978 ) – кинооператор, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Иброҳим Боромиков.

Соли 1938 – ходими намоёни санъати Тоҷикистон Ато Аҳроров.

Соли 1945 – шоир Алимуҳаммад Муродӣ.

Соли 1956 – рӯзноманигор Имомназар Ҳақназар.

Соли 1960 – рӯзноманигор Нуъмон Низомӣ.

Соли 1962 – шоир Қосимҷон Зарифӣ.

Лентаи хабарҳо
0