15:32 26 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2687 0 0

Дар асоси фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои Абдуллоев Умедҷон, дар Бемористони шаҳри Бӯстон сартабиби нав таъйин шудааст

ДУШАНБЕ, 3 август – Sputnik. Бо фармони Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Иброҳимова Зулола Осимовна, сартабиби Беморхонаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъйин карда шудааст.

Иброҳиова дар ин мақоми вазифавӣ Абдуллоев Умедҷон Очилбоевичро иваз намудааст. Дар бораи ин тағйироти кадрӣ аз Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.

"Бо фармоишҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли равон Абдуллоев Умедҷон Очилбоевич аз вазифаи сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон озод ва ба вазифаи мазкур Ибрагимова Зулола Осимовна таъин гардид”, иттилоъ дод, Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд.

Масъулини муассисаи тиббии Бӯстон як милион сомониро тасарруф кардаанд – шарҳи прокурор

Бино ба иттилои манбаъ Иброҳимова Зулола то ин замон дар зоишгоҳи шаҳри Бӯстон фаъолият мекард. Ҳоҷибоев афзуд, Абдуллоев Умедҷон минбаъд фаъолияти худро минҳайси духтури ҷарроҳ дар Бемористони Бӯстон идома хоҳад дод.

Мавзӯъҳои асосӣ