14:40 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
547 0 0

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, соли равон аз созмонҳои байнулмилаливу хориҷӣ беш аз 450 миллион доллар ҷалб кардаву хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, ҷалби маболиғи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ ва коҳиши таъсири иҷтимоӣ – иқтисодии пандемияи “вируси корона” буда, як гуруҳи ҳукуматӣ бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт ва бо институтҳои молиявии байнулмилалӣ ва шарикони рушд вориди музокирот шуд.

“Ин гуруҳ аз намояндагони вазорату идораҳои иқтисодӣ иборат буд, ки раҳбарияшро муовини сарвазир Давлаталӣ Саидзода бар дӯш дошт, ки аз рӯи реҷаи қариб 24 – соата кор мекард. Ман ҳам узви ин гуруҳ будам. Ин маврид ҳам буд, ки мо қариб то соати 4 – субҳ бо институтҳои молиявии байнулмилалӣ ва давлатҳои шарики рушд будем. Таври маълум, ба далели фарқияти вақт, ки бо бархе кишварҳо қариб 10 соатро ташкил мекунад, шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, ин гуруҳ кор кард ва ба натиҷаҳои назаррас расид”, - гуфт Завқӣ Завқизода.

Тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар ин миён Тоҷикистон аз Хазинаи байнулмилалии асъор – 189,5, Бонки осиёии рушд – 50, Бонки исломии рушд – 9,4, Бонки ҷаҳонӣ – 11,3 миллион доллар ва аз ҳукумати Олмон – 1 миллион евро маблағҳои грантию қарзӣ ба даст овард. Бино ба ин манбаъ, Тоҷикистон муваффақ шуд, ки 28 миллион қарзи Бонки миллӣ пеши Хазинаи байнулмилалии асъорро аз эътибор соқит кунад ва пардохти 40 миллион доллар қарзи Бонки воридоту содироти Чин – “ЭксИмБонк” – ро ба таъхир гузорад.

БОР барои мубориза бо пайомадҳои COVID-19 ба Тоҷикистон 50 миллион доллар медиҳад

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо гуфт, гуфтушунидҳо барои ҷалби маблағҳо аз Бонки осиёии рушд – 70, Бонки ҷаҳонӣ – 27, Фонди Авруосиёии рушд – 50, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ – 70 миллион доллар ва Иттиҳоди Аврупо – 78 миллион евро (бо назардошти 30 миллион евро маблағи қарзи Бонки сармоягузории Аврупо) идома дорад.

Тибқи иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2020 қарзи хориҷии кишвар 170 миллион доллар афзуда, ба 3 миллиарду 96 миллион доллар расидааст, ки 36,1% маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ