Раҳмон фармони баланд шудани маош, нафақа ва идрорпулиро имзо кард: чӣ қадар зиёд шуд?

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармон маоши кормандони давлатӣ, нафақаи пиронсолону маъюбон ва идрорпулии хонандагонро афзун намуд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Сар аз авоили моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон маоши кормандони давлатӣ, нафақаи маъюбону пиронсолон ва идрорпулии донишҷӯён баланд бардошта мешавад. 

Пожилой человек на турнире бузкаши в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати молия: маош, нафақа ва стипендия аз 1 сентябр зиёд мешавад

Фармони афзун шудани маошу нафақа ва стипендияи донишҷӯёнро имрӯз, 4 - уми август, раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расонд.

Тибқи котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Нафақа аз 1 сентябр 15 дар сад меафзояд

Ҳамчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ низ ба андозаи 15 фоиз зиёд шуд.

Гузашта аз ин маоши кормандони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ 15 дарсад баланд бардошта мешавад.

Идрорпулии донишҷӯён ва нафақа низ ба андозаи 15 фисад афзун карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0